- ҷиддӣ
- [جدي]1. ҳар чизе ки аз таҳти дил буда, ба тариқи ҳазлу шӯхӣ набошад; муқоб. шӯхӣ, ҳазл2. қатъӣ, бо қатъият3. диққатталаб4. муҳим, зиёд, куллӣ; тағйироти ҷиддӣ тағйироти ба назар намоён, тағйироти муҳим, куллӣ5. пуртамкин, бовиқор, ба қадру эътибори худ расанда, вазнин6. бодиққат7. ҳақиқӣ, аслӣ, чунонки бояду шояд; зиндагии ҷиддӣ8. он чи барои пешгирӣ аз оқибати бад, диққат ва аҳамияти калон талаб мекунад: бемории ҷиддӣ, бӯҳрони ҷиддӣ; гапи ҷиддӣ гапи муҳим, гапи аҳамиятнок; ҷиддӣ гап задан ба таври бояду шояд дар бораи чизе сухан кардан, бо қатъият, бидуни шӯхӣ чизеро гуфтан; ранги ҷиддӣ гирифтан аҳамият пайдо кардан, қатъият пайдо кардани коре; эътибори ҷиддӣ додан ба таври бояду шояд аҳамият додан ба чизе; вазъияти ҷиддӣ гирифтан ҳолати устувор ва қатъӣ гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.